Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мешавад
Аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Фестивали мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Фестивал 2 апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, китобхона — филиал ва китобхонаҳои мактабӣ таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» ба таври тантанавӣ оғоз меёбад.
Дар доираи фестивал озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни «Тараннумгари Ватан» (шеър, достон ва оҳангҳо дар васфи Ватан), Озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи «Ватан- биҳишти бебаҳост», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон» ва «Ҳанарманд ҳарҷо бувад сарфароз» гузаронида мешаванд. Дар доираи фестивал инчунин вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст.
Мавсуф иброз намуд, ки «зиёда аз 11 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона, ки 2 апрел таҷлил мешавад, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад».
Фестивали имсола ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин ҷашну зодрӯзи адибону олимон ва таълифи китобҳои тозанашре, ки солҳои 2020 — 2021 интишор ёфтаанд, бахшида мешавад.
Дар ҷараёни баргузории фестивал таваҷҷуҳи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон, омӯзгорону мураббиён, олимону адибон ва китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон, эҳтиёҷоти китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат, фароҳамоварии шароити боз ҳам мусоид барои мутолиаи китоб ва ҳаллу фасли масъалаҳои табъу нашри китоб барои кӯдакону наврасон ҷалб хоҳад шуд.
Ҳамчунин барои муайян намудани ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин мегарданд. Созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, инчунин ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар аз 2 то 9 апрел намоиш-фурӯши китобҳои бачагона аз ҷониби нашриёти ватанӣ пешниҳод мегардад. Ҳар сокини пойтахт ва меҳмонон метавонанд аз ин макон китобҳо, маҷалла ва рӯзномаҳои кӯдакона дастрас намояд.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.