РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУССИЯ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Аз 23 то 28 октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия баргузор мегардад.
Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфаи Федератсияи Руссия доир гардида, барномаҳои ҳунарию эҷодӣ, намоишҳои ҷолибу дидании ҳунармандони бомаҳорати тоҷик пешкаши мардуми ин шаҳрҳо мегардад.
Дар ин рӯзҳо аз ҷониби Тоҷикистон ҳунарнамоии сарояндагони бомаҳорату шинохта, ансамблҳои рақсӣ баргузор гардида, теъдоди умумии иштирокчиён иборат аз 55 нафар мебошанд.
Ҳайати ҳунармандони тоҷикро дар ин рӯзҳо Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода ҳамроҳӣ мекунад.