КӮДАКОН – ОЯНДАИ МО

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 -“Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак” қабул шудааст. Дар даврони соҳибистиқлоли, давлати мо барои таълиму тарбияи кӯдакон беҳтарин шароитҳои ба меъёрҳои байналхалқии таҳсилу истироҳат мувофиқро фароҳам овард, зеро ояндаи дурахшони кишвар фардо ба дӯши ҳамин кӯдакону наврасони мост!

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таълиму тарбияи кӯдакон марказҳои зиёди рушди истеъдодҳои кӯдакону наврасон, мактабҳою майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳо, театрҳо фаъолият доранд ва рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдакона нашр мегарданд. Биёед, дунёи рангини кӯдакони азизи худро, ки  оянда Тоҷикистонро ободтару зеботар хоҳанд гардонид, рангинтар гардонем!

Мо ҳамеша ба худ мегӯем,ки «ҳама чизи беҳтарини мо барои бачаҳои мост». Бале, кӯдакони мо меваҳои ширинтарини бӯстони умри ҳар яки моянд. Ин меваҳои лазиз бояд бенуқсон ба воя расанд ва дар оянда коми  волидайни худро бо хулқи накӯву рафтори шоиста ва хидмати фидокорона ба манфиати диёри ободу зебоямон шодоб  гардонанд. Тарбияи фарзанди неку солеҳ муҳимтарин рисолати ҳар як падару модари банангу номуси тоҷик аст!

То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.

Тибқи таҳлилҳои илмӣ, 80 фисади донишу маълумотро кӯдакон дар синни то 5 – солагӣ ба даст меоранд. Мо ба саволҳои аҷибу кунҷковонаи  кӯдакони худ ҳамеша бояд ҷавоб гӯем, дар боло бурдани маърифати дунёшиносии онҳо вақти худро дареғ надорем, саҳлангорӣ накунем ва ба камол расонидани шаҳрвандони бомаърифату бунёдгари оянда самараи заҳматҳои доимии омӯзгорону волидони муҳтарам аст. Пас, рӯзи кӯдакон муборак бод!

Фирӯз КАРИМЗОДА

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE