Сайқали рӯи Замин

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ – фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Нақши ин шаҳр дар рушди фарҳанг бузург аст. Устодони барҷастаи назму насри муосири тоҷик ба мисли Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд.

Соли 2011 дар ин макони фарҳангӣ бузургтарин махзани илм дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шуд, ки теъдоди хазинаи китобҳояш зиёда аз 6 000 000 нусхаро ташкил медиҳад. 31 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе рекорди дигари ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорд ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландиаш 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ба ифтихори 90 – умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии «Мегаполис»-и асри XXI бо Дипломи VII – умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» – 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардид.

Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитаъаи Осиё дар маҷаллаи “Telegraph” (Телеграф)- Бритианияи Кабир номбар карда шудааст.

Имрӯз шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Русия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар баробари ин, пойтахти Тоҷикистон аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо мебошад.

Дар пойтахти кишвари мо намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» – и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002 — 2003 дода шуд.

Шукрия Ҳалимзода,

коромӯзи “Садои Душанбе”

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE