“Атлетико” ҳанӯз ҳам пешсафиро дар Ла – Лига аз даст доданӣ нест

Дар доираи даври 31-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дастаи Реал Мадрид имтиёзҳояшро бо дастаи Хетафе тақсим намуд. Садрнишини ҷадвал Атлетико бошад ин навбат тими Эйбарро ба шикасти бузург ру ба ру кард. Дидорҳои Барселонаву Атлетик, ки иштирокчиёни финали мусобиқаи Ҷоми испания буданд ба таъхир гузошта шуданд.

Дастаи пешсафи мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол Атлетикои Мадрид дар даври 31-ум бо дастаи зинаи охири ҷадвал тими Эйбарро пазироӣ намуд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи Ванда Метрополитано доир гардида, бо натиҷаи бузурги 5:0 бо пирузии комили тими мизбон ҷамбаст гардид. То анҷоми нимаи аввал Кореа дар давоми 3 дақиқа тавонист дубл анҷом дода, дастаашро ба пеш барорад. Дар нимаи дуюм бошад Караско ва Лоренте низ бо иҷрои дубл ҳисобро 5 : 0 карданд.  Бо ҳамин шогирдони Диего Семеоне шумораи имтиёзҳояшро ба 70 адад баробар карда, мавқеашро дар садри ҷадвал мустаҳкамтар намуданд.

Дар ин даври рақобатҳои Ла Лига дастаи шоҳии испания Реали Мадрид дар сафар бо дастаи Хетафе ру ба ру шуд. Пас аз ғалаба дар Эл Классико шогирдони Зайниддин Зидан натавонистанд аз рақиби навбатии худ имтиёзҳои заруриро ситонанд. Вохурии дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ бидуни гол ҷамбаст шуд. Ҳамин тариқ дастаи шоҳӣ бо касби 67 имтиёз мавқеашро дар мақоми дуюм нигоҳ медорад. Хетафе бошад дар мавқеи 15-ум қарор дорад.

Дар доираи даври 31-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания ҳамчунин дидори дастаҳои Реал Соседаду Севиля  доир гардид. Дидори мазкур дар варзишгоҳи Реале Арена доир шуда бо пирузии Севиля бо натиҷаи 1:2 ҷамбаст гардид. Севиля ҳамакнун бо касби 64 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад.

Дар ин давр дидори дастаҳои Левантеву Виляреал бо натиҷаи 1:5 бар нафъи тими Виляреал ҷамбаст гардид. Ҳамчунин дастаҳои Осасуна бар Элче ва Алавес бар Уэска пируз омаданд. Бетису Валенсия ва Кадису Селта бошад бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст шуданд.

 

                                                                                             Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE