Дар Тоҷикистон жола борида, раъду барқ ба амал меояд
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ва раъду барқ пешбинӣ шуда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.