Кохи Наврӯз баёнгари таърихи беш аз 6000 – солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик

Шаҳри Душанбе дар соли 2021 “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ  — Шаҳри сайёҳӣ эълон шудааст. Ширкати «Турстат»-и Россия Душанберо бошад, ба рӯйхати шаҳрҳои амнтарини ИДМ дохил намуд.

Дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардидаанд, ки дар рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардааст.

Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр, маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.

Ҳамзамон, дар пойтахт Кохи “Наврӯз”, ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000 – солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Кохи “Навруз” дар шахри Душанбе мисли ақиқи лолагун дар ангуштарин аст. Шояд хонандаи азиз гӯяд, ки дар пойтахти кишварамон бинову маҷмааҳое, ки дар зебогӣ нотакрору ягонаанд, зиёданд, вале кохи “Наврӯз” тамоман чизи дигар аст. Дар шафати меҳмонхонаи “Ҳайят реҷенси” ва МД “Кӯли ҷавонон” ин кох ҷойгир буда, бо ҳашамату ороиш ва нақшу нигор нотакрор аст. Нигоҳро ба худ мекашаду диққатро ҷалб мекунад. Ин лаҳзаҳо мо шуморо ба сайри ин муассиса мебарем.

Роҳбалади кохи “Нарӯз” Барно Раҷабова гуфт, аз соле, ки дар ин ҷо кор мекунад, шефтаву шайдои ин зебоиву назокати он аст. Мувофиқи гуфтаи ин бонуи хушгуфтору малеҳсухан бо ибтикороти бевоситаи Сарвари давлатамон ин бино нақшрезӣ ва сохтаву пешкаши шаҳрвандон гардонида шуд. Барно гуфт, Муассисаи давлатии кохи “Наврӯз” аз толорҳои калони барҳаво ва саросар бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, тарҳрезӣ шудааст.

Хонандаи азиз, агар ба идомаи гуфтаҳои ҳамсуҳбати имрӯзаи мо Барно Раҷабова диққат диҳем, он аҷиб аст. Мувофиқи маълумотҳо ин кох, на танҳо иншооти фарҳангиву фароғатӣ, балки маконест, ки аз таърихи Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Тавре ки Барно Раҷабова гуфт, кохи “Наврӯз” натиҷаи дӯстии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, яъне он дар ҳамдастии ҳунармандони чирадасти кишвар қомат афрохтаву бунёд гардидааст, натиҷаи меҳнати санъати волои ҳунари тоҷик.

Ин иншооти бузурги санъати воло ва ҳунари тоҷик дар Кохи Наврӯз таҷассум ёфтааст. Гирду атрофи он ҳам бо дарахтони зебо ва гулу буттаҳои нотакрор оро ёфтаанд, давродавр пур аз сабзаву майса. Барно низ ин гуфтаҳои моро тасдиқ карда, гуфт, кохи “Наврӯз” – ро ба ҳар гуна намо тасвир кунем, меарзад. Агар онро рангин гӯем, аз сухан рангинтар аст, зебо арза кунем аз он ҳам зеботар.

Дар ҷамъбасти суҳбати мо, сухан аз саҳми занону бонувон дар пешравию ободии диёр рафт. Барно Раҷабова дар ин хусус гуфт, албатта бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳнамоиҳои Раиси шаҳр, инчунин бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.

Дар баробари дигар омилҳо, ба таъмини нишондодҳо ва афзалиятҳои бахши сайёҳӣ, пеш аз ҳама, фаъолияти якҷояву муштараки мо бо ниҳодҳои алоқаманди шаҳриву ҷумҳуриявӣ мусоидат менамояд. Итминон дорем, ки дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳнамоиҳои Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа ва масъулин баҳри таъмини сиёсати давлатии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ дар пойтахт амалӣ мегарданд.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE