Изҳороти муштаракаи Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев
Дар вилояти Бодканд (Қирғизистон) музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Ташиев роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба 24.kg.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва амалҳои минбаъдаро барои ҳалли низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карданд.
«Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад», — гуфт Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Камчибек Ташиев.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин ду давлат дар ин минтақаҳо тӯли муддати тӯлонии таърихист, ки зиндагӣ мекунанд.
«Мардум дӯстанд, онҳо ба ҳамдигар даъвое надоранд. Мо бояд ба мардумонамон имкон диҳем, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд. Имрӯз, дар мулоқоти намояндагони ду давлат, мо дар бораи ҳалли масъалаҳои таъмини сулҳ дар сарзамини қирғизҳову тоҷикон ба тавофуқи усулӣ расидем. Боварӣ дорам, ки мо ин корро карда метавонем ва дар муддати кӯтоҳ ҳамаро ҳал хоҳем кард», — гуфт ӯ.
Раиси КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Ташиев зикр кард, ки имрӯз ҳайатҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ба манфиати ду кишвар протокол иборат аз чор бандро қабул карданд.
«Имрӯзҳо мардуми Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзҳои душворро аз сар мегузаронанд, фоҷиа рух дод. Дар ин ҳангом барои мо доир намудани мулоқот душвор буд, аммо бо вуҷуди ин, бо дастури сарони давлатҳо мо ин музокиротро баргузор кардем ва тасмим гирифтем, ки тирандозиро комилан қатъ кунем ва нерӯҳоямонро аз марз бозпас гардонем. Худо хоҳад, дар кишварҳои мо оромии комил ва сулҳ ҳукмфармо хоҳад буд», — иброз дошт Камчибек Ташиев.
Ёдовар мешавем, ки созиш дар бораи баргузории ин музокирот зимни суҳбати телефонии сарони ду давлат ҳосил шуда буд.