Гӯштингирони тоҷик аз роҳхатҳои Бозиҳои олимпӣ бенасиб монданд
Паҳлавонони тоҷик аз намуди гӯштини варзишӣ натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гӯштин барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио 6-9 май дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 5 варзишгар иштирок карданд, вале натавонистанд соҳиби роҳхати олимпӣ гарданд:
Гӯштини тарзи озод
57кг – Муҳаммад Икромов
86кг – Баҳодур Қодиров
125кг – Искандари Рустамов
Гӯштини юнонӣ-румӣ
60кг – Фирӯз Мирзораҷабов
77кг – Далер Ризозода
Муҳаммад Икромов дар вазни 55кг ҷои панҷум, Искандари Рустам дар вазни 125кг ҷои ҳафтум ва Фируз Мирзораҷабов дар вазни 60кг ҷойи нуҳумро сазовор шуданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин, дар Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ дар София 474 варзишгар аз 84 давлати дунё ширкат доштанд.
Хотиррасон мешавем, ки дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод — 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ — 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.
Ҳамин тариқ, намояндагони 60 давлат имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо намуданд. Аз ҳама бештар Россия (17), Штатҳои Муттаҳида (15), Япония (12), Эрон, Чин ва Қазоқистон (11) роҳхатҳои олимпиро сазовор гардиданд. Дар гӯштини озод Эрон ва Россия бо ҳайати мукаммал (6 нафар) ба Токио сафар мекунанд. Дар гӯштини бонувон Чин, Япония, Муғулистон, Россия ва Штатҳои Муттаҳида дастаи мунтахабашонро пурра карданд (6 нафар).