Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва  рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14  ва рӯзона 16+21  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат мебора. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда,  борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  13+15 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE