Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш дар Ашқобод соҳиби чор медали биринҷӣ гардиданд

Аз 23 то 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро 7 варзишгар муаррифӣ намуда, ба гирифтани 4 медали биринҷӣ сазовор шуданд. Инҳо Муслимбек Каримов дар вазни то 60кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни +100кг мебошанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг дар даври аввал бар намояндаи Ироқ – Муҳаммад Кадҳим пирӯз гардида, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври дуюм Ҳақназар дар як рақобати хеле мушкил аз паҳлавони қирғиз Жамалбек Асюлбек Уулу ноком шуда, мусобиқаро бе натиҷа ҷамъбаст намуд. Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Муҳаннад Аласмарӣ аз Арабистони Саудӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бар намояндаи Юнон — бо бартарии имтиёзи як чалла пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Фирдавс аз намояндаи Узбекистон – Ҷамшед Маҳмадраҳимов мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни ҷамъи 100 кг дар як рақобати мушкил бар Бекполот Тогтогонови қирғиз дар даври аввал зафар ёфта, ба даври дуюм баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Хуршед бар намояндаи Доминикан ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Хуршед аз намояндаи Эрон – Абдулфаз Торобӣ мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Варзишгаронони тоҷик Наврӯзи Каримзод дар вазни то 73 кг ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 81 кг пас аз ду ғалаба дар даврҳои сеюм аз ҳарифонашон мағлуб гардида, аз идомаи ҳунарнамоӣ дар мусобиқа маҳрум гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE