ҲУШДОР! Рӯзҳои 20-22 май хавфи омадани сел мавҷуд аст
20-22 май дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 20-23 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.