Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои шаҳрӣ қадрдонӣ карда мешаванд

Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022»- 10 ҳазор сомонӣ, «Омӯзгори сол-2022»-10 ҳазор сомонӣ ва «Хонандаи сол-2022»- 6 ҳазор сомонӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе имрӯз ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Қарори мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, омӯзгорон ва мураббиён буда, ғолибони ин озмунҳо дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Омӯзгори сол-2022» аз 15 то 17 декабри соли 2022 баргузор гардид, ки дар даври шаҳрии он омӯзгори фанни забони англисии Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарангез Оддиева сазовори ҷойи якум гардид.

Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Малика Саидова дар даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022», ки моҳи декабри соли 2022 баргузор гардид, сазовори ҷойи якум гардид.

Дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев сазовори ҷойи якум гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE