«Хуҷанд» ба дастаи «Олой»-и Қирғизистон ғолиб омад

Шоми дирӯз дар варзишгоҳи  марказии шаҳри Душанбе барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020- дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 бар дастаи «Олой»-и Қирғизистон  бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Пирӯзии дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Абдулмуъмин Забиров имконпазир гардид. Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон- дастаи  футболи   «Насаф» дар ҳар се бозӣ пирӯз шуда, ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми КФО-2021 гардид. Акнун дар даври финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2021  дастаи футболи  «Насаф»-и   Ӯзбекистон    бо дастаи «Аҳал»-и Туркманистон, ки дар гурӯҳи  «Е» ғолиб шуд, бозӣ мекунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 2-юм давр
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Ӯзбекистон) — 0:3
Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» — 4:5

Голҳо: Ойбек Абдуғафоров, 2 (0:1). Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1). Алтимурод Аннадурдиев, 41 – аз пеналтӣ (1:2). Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гуйчмурат Аннақулиев, 72 (2:4). Фурқат Турсунов, 84 (3:4). Адилет Нурлан, 90 (4:4). Алтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналтӣ (4:5)

Гурӯҳи «Е». 2-юм давр
«Дордой»-и Қирғизистон – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2
Голҳо: Александ Мишченко, 7 (0:1). Элман Тагаев, 78 (0:2).

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 3-юм давр

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон) – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Абдулмуъмин Забиров, 50 (2:0).

«Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 2:0

Голҳо: Шоҳмалик Комилов, 27 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳусайн Норчаев, 35 (2:0).

Б Ғ М Б Т-Т Х
1  «Насаф» (Ӯзбекистон) 3 3 0 0 9-0 9
2  «Хуҷанд» (Тоҷикистон)  3 1 1 1 4-5 4
3 «Алтин Асир» (Туркманистон) 3 1 1 1 7-8 4
4 «Алай» (Қирғизистон) 3 0 0 3 4-11 0

Гурӯҳи «Е». 3-юм давр

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 0:3

Голҳо: Коҷо, 17 (0:1). Абай Боколеев, 39 (0:2). Абай Боколеев, 83 (0:3).

Б Ғ М Б Т-Т Х
1  «Аҳал» (Туркманистон) 2 2 0 0 5-1 6
2  «Дордой» (Қирғизистон) 2 1 0 1 3-2 3
3  «Равшан» (Тоҷикистон)  2 0 0 2 1-6 0

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE