“Барселона” ба таври ройгон Юмтитиро ба “Лечче” медиҳад

Ҳимоятгари “Барселона” – Самуэл Юмтити ба зудӣ ба бошгоҳи итолиёвии “Лечче” мегузарад. “Кабудпӯшҳо”  футболбози 28-соларо ройгон ба даст оварда,  маоши хуб  ба ӯ медиҳанд. “Барселона”  барои ҳар як иштироки як ҳимоятгар дар бозӣ то ҳадди муқарраршуда бонус мегирад. Дар ин бора рӯзноманигор Танкреди Палмери дар  «Твиттер» хабар додааст.

Шартномаи феълии Юмтити бо даста то тобистони соли 2026 ба охир мерасад. Футболбози фаронсавӣ, ки аз соли 2016 дар ҳайати каталонияҳо бозӣ мекунад, моҳи январ шартномаашро бо бошгоҳ тамдид карда буд. Қаблан, сармураббии “Барселона” – Хави возеҳ гуфта буд, ки футболбозро дар нақшаҳои ояндааш шомил кардааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE