Қуръакашии марҳилаи гуруҳии Лигаи Қаҳрамонҳо

Ду рӯз қабл дар шаҳри Истанбули Туркия қуръакашии марҳилаи гуруҳии мавсими нави мусобиқаи Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо баргузор гардид. Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳои марҳилаи мазкур ба ҳашт гуруҳ тақсим шуда, рақобатро дар мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳо шуруъ менамоянд.

Дар паи қуръакашӣ, ки дастаҳои марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро дар мависми нав ба ҳашт гуруҳ тақсим намуд, дастаи “ПСЖ” ба гуруҳи А бо тимҳои “Манчестер Сити”, “РБ”, “Лейпсиг” ва “Брюге” шомил гардиданд. Рақобат дар гуруҳи аввал шадид хоҳад шуд, зеро ҳайати дастаҳои мазкур хеле пурқудратанд. Вале ба ҳар ҳол дар гуруҳи А дастаҳои “ПСЖ” ва “МС” имконияти бештари пирӯз шудан ва роҳ ёфтан ба марҳилаҳои баъдиро доранд.

Ҳамин тариқ, дар идомаи қуръакашӣ дастаҳои “Атлетико Мадрид”, “Ливерпул”, “Порту” ва “Милан” шомили гуруҳи В гаштанд. Гуруҳи мазкур низ дастаҳои пурзури аврупоиро ба ҳам хоҳад овард ва мухлисон аз дидорҳои шадид миёни ин дастаҳо ҳаловат мебаранд.

Дар қиёс ба дастаҳои гуруҳи А ва В гуруҳи С ҳайати на он қадар пурзӯр дорад. Дар ин гуруҳ “Спортинг”, “Борусия Дормунт”, “Аякс” ва “Бешикташ” миёни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Дастаҳои “Интер” – и Италия, “Реал” – и Испания, “Шахтёр” – и Украина ва “Шериф” – и Молдова ҳайати гуруҳи Д-ро дар мавсими нави мусобиқаи Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо ташкил медиҳанд. Ҳарчанд, дастаи “Шахтёр” мушкилоти зиёдро барои дастаҳои топи аврупоӣ ба миён меорад, аммо имкони дастаҳои “Реал” – у “Интер” дар гуруҳи Д бештар ба назар мерасад.

Ба ҳайати гуруҳи Е пас аз қуръакашии марҳилаи гуруҳии Лигаи Қаҳрамонҳо дастаҳои “Бавария” – и Олмон, “Барселона” – и Испания, “Бенфика” – и Португалия ва “Динамо” – Киев шомил гардиданд. “Барселона” дар гуруҳи худ танҳо дар рақобат бо “Бавария” ба мушкили рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ҳарчанд дастаҳои “Бенфика” – ву “Порту” низ ба осонӣ таслим нахоҳанд шуд.

“Виляреал”, “МЮ”, “Аталана” ва “Янг БОйз” дар ин марҳилаи Лигаи Қаҳрамонҳо дар гуруҳи Ф бо ҳам сабқат хоҳанд кард. Дар гуруҳи Ҷи тимҳои “Лил” – и Фаронса, “Севиля” – и Испания, “Залтсбург” ва “Волфсбург” ворид шуданд. Ва дар ниҳоят ба ҳайати гуруҳи Ейч тимҳои “Челси”, “Ювентус”, “Зенит” ва “Малмё” шомил гардиданд.

Дар мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳо, ки ба низоми ананавии ҳарҳафтаина бармегардад, дастаҳо аз санаи 14-уми сентябр  рақобатро шуруъ хоҳанд кард. Даври аввали марҳилаи гуруҳӣ рузҳои 14-15-ум, даври дуюм рузҳои 28-ум ва 29-уми сентябр баргузор мегардад. Рӯзҳои 19-20-уми октябр даври сеюм ва даври чорум 2-3-юми ноябр дар назар дошта шудааст. Даврҳои панҷум ва шашуми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо рузҳои 23-24-уми ноябр ва 7-8-уми декабр сурат хоҳад гирифт. Марҳилаи плей оффи мусобиқа бошад аз рузи 15-уми феврал шуруъ мегардад. Дидори финалии Лигаи қаҳрамонҳои мавсими нави 2021-22 рузи 28-уми май дар варзишгоҳи Санкт Петербург – варзишгоҳи хонагии дастаи “Зенит” доир мегардад.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE