Зидан тарки клуби шоҳона кард
Сармураббии клуби футболи “Реал Мадрид” Зейниддин Зидан эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Ин изҳороти ӯ дар як нишасти матбуотӣ эълон шудааст. “Клуб бояд ғолиб шавад. Барои ин дигаргунӣ талаб мешавад. Аз ин рӯ, ман чунин қарорро қабул кардам”, – гуфт мавсуф ба рӯзноманигорон.
Ин мурабии фаронсавӣ 4-уми январи соли 2016 пас аз сабукдӯш намудани Рафаэл Бенитес ба ин мақом омад. Таҳти роҳбарии ӯ “Реал” қаҳрамони Испания, Шоҳҷоми Испания, се маротиба қарамони Лигаи Чемпионҳо, ду маротибагӣ Шоҳҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳоро ба даст овардааст. Дар маҷмуъ бо Зидан бошгоҳи шаҳри Мадрид 9 дастмӯзаро ба хазинаи дастовардҳояшро ворид намудааст.
Дар нишасти мазкур Президенти ин бошгоҳи шоҳона Флорентино Перес низ ҳузур дошт. Маълумот дар бораи он ки кӣ Зиданро дарин мансаб иваз карда метавонад ё дар бораи фаъолияти ояндаи сармураббӣ то ҳол мавҷуд нест.