Душанбе: ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон доир шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд. 

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер иброз дошт, ки муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз таърихи соҳибистиқлол шудани кишвари мо маншаъ гирифтааст, соҳаҳои мухталифи фаъолиятҳои иқтисодию иҷтимоиро фарогир буда, яке аз самтҳои муҳимтарини тақвият бахшидани муносибатҳо ин боз ҳам  густариш додани   ҳамкорӣ  мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 57,7 млн. долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 млн. доллар ва воридот 48,4 млн. доллари амрикоӣ рост меояд.

Нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки байни Тоҷикистону Эрон имкониятҳои бештари ҳамкорӣ  мавҷуд мебошад  ва ҷонибҳо  бояд онро баҳри боз ҳам ривоҷ додани муносибатҳои  тиҷоратию иқтисодии мутақобилан судманди кишварҳо равона созанд.

-Бояд гуфт, ки дар давраи ҳамкории мутақобилан судманд, як зумра  корҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки яке аз онҳо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон  бо тавоноии 220 МВТ мебошад. Санги асоси НБО-и «Сангтӯда-2»  20  феврали соли 2006 гузошта шуда, соли 2014 нерўгоҳи мазкур бо иштироки сарони ду давлат мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуд,- хотиррасон намуд  Ҷумъа Далер.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон изҳор дошт, ки мардуми ду мамлакатро муштаракоти умумии таърих, забон, фарҳангиву динӣ бо ҳам мепайванданд, ки ин  он  ҳамчун омили асосӣ барои рушди равобиту ҳамкории судманди мутақобила ва муносибатҳои байниҳамдигарии дўстонаи ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. “Иқтидору имкониятҳои истифоданашудаи ҳарду кишвари ба ҳам дӯст, ки метавонанд дар муносибатҳои дуҷониба  нақши муассир дошта бошанд, ҳанӯз зиёданд”, — таъкид намуд вазири тоҷик.

Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён  баён намуд, ки Эрон аз нахустин давлатҳое буд, ки соли 1991  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ба расмият шинохт. “То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 13 комиссияи муштарак баргузор шуда, дар натиҷаи ин нишастҳо  масъалаҳои  муҳим баррасӣ  ва корҳои зиёд амалӣ  карда шудааст. Умедворам, ки имрӯз, зимни  14-умин Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфта,  он  саҳифа наверо дар  густариши  муносибатҳои дуҷониба боз менамояд”, – гуфт мавсуф.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ  бо  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти  сармоягузории мустақими  Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE