Муъминобод: Туҳфаи Пешвои миллат ба сокинон расид
Корвони китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Муъминбод расид. Ин шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуровро комиссияи босалоҳият қабул ва рақамгузорӣ карда, ба ҳар як оилаи ноҳияи мазкур ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда истодааст.
Мақсади асосии чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ асари мазкур, ки аз таъриху маданият ва фарҳанги ин миллати бостонӣ нақл мекунад, бо теъдоди хеле кам нашр гардидаа буд. Аз ин рӯ он на барои ҳамаи аҳолии Тоҷикистон дастрас буд. Олимону пажуҳишгарон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ барои пешбурди корҳои илмӣ ва дарсҳо дар дарёфти ин асари таърихӣ мушкилӣ доштанду дар китобхонаҳо соатҳо навбат мепоиданд.
Ба гуфти сухангӯи МИҲД ноҳияи Муъминобод Бахтовари Диловар, ин ташаббуси хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон –тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар таърихи Тоҷикистон бо ҳафрҳои заррин сабт хоҳад шуд.