Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон боздид намуданд

28 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон Садир Жапаров бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ — муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE