Ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ меёбад
Тавре қаблан хабар додем, дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоби шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд шуда истодааст, ки барои сокинону меҳмонон ва сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ мегардад.
Тибқи лоиҳа, иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, дар он барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст. Сохтмончиёну мутахассисон ва рассомону ҳунармандон барои татбиқи босифати лоиҳа ҳамаҷониба талош менамоянд. Айни замон дар «Қасри Арбоб» корҳои омодагӣ баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.