Ба 5 оилаи аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод кумак расонида шуд

Дар арафаи Иди саиди  Қурбон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба 5 оилаи деҳаҳои Бӯстон, Сумандара ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод, ки дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10 июли соли равон  хисороти моливу ҷонӣ дидаанд, кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  кӯмаки расонидашуда аз маҳсулоти ниёзи аввал иборат буд.

«Кӯмаку дастгирии қишри ниёзманд ва муҳтоҷи ҷомеа дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ дар кишвар ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ин мақсад, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар оянда низ талош менамояд,  ки дар пайрави  ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстонаро идома диҳад»,-афзуд манбаъ.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE