Боздиди рӯзноманигорони ВАО-и кишвар аз бинои нави ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як гурӯҳ рӯзноманигорони ВАО-и кишвар аз бинои нави ҲХДТ дар шаҳри Душанбе боздид карданд.
Рӯзноманигорон ҳамчунин имкон доштанд, ки аз осорхонаи ҳизб, ки бевосита аз таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маълумоти зиёд, аксу мусаввара ва нигораҳо ҷамъоварӣ шуданд, дидан намоянд. Ин осорхона аз хизматҳои шоистаи сарвари давлатамон дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти комили кишвар дарак медиҳаду ба насли наврас, ки ояндасозони Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбанд, маълумотҳои дақиқ пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин дар идомаи боздиди рӯзноманигорон вохӯрии муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода баргузор гардид.

Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE