Темур Раҳимов низ аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд

Имрӯз, 30 июл дар идомаи  Бозиҳои олимпии Токио-2020 паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар намуди гӯштини дзюдо вориди рақобат шуд. Темур дар вазни +100кг дар даври аввал бар намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба кард, вале дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Ҳамин тариқ, чор нафар паҳлавонони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ  Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) аз медалҳои Бозиҳои олимпии Токио бенасиб монданд. Ду варзишгари дигар дар намуди бокс — Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) низ аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.

Дар намуди бокс Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехӯрад.

Имрӯз ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар намуди варзиши сабук — дав Илдар Аҳмадиев ба масофаи 100 метр фардо, 31 июл дар даври интихобӣ ширкат менамояд.

Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) вориданд. 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд. Дар рӯзи ҳафтуми бозиҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо  дастаи мунтахаби Чин бо 16 медали тилло, 7 нуқра, 10 биринҷӣ пешсаф аст. Дастаи мунтахаби Ҷопон бо 15 медали тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ дар ҷои дуюм, ИМА бо 14 медали тилло, 16 нуқра, 11 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE