ТИМИ МИЛЛИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИВУ ТАМРИНИРО ШУРУЪ КАРД

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми миллатҳои Араб-2023 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд

Пайрав Воҳидов, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 2-юми июн идома мекунад, 15 нафар – 3 дарвозабон ва 12 бозигарро даъват кардааст.

3 июн дастаи мо барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки аз 6 то 16 июн баргузор мешавад, тариқи транзит тавассути Дубай ба Ҷидда меравад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Либия (6 июн), Арабистони Саудӣ (8 июн) ва Алҷазоир (10 июн) нерӯ месанҷад.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Дар гурӯҳи «С» Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ мубориза мебаранд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду тими беҳтарини ҷойи сеюм ба даври плей-офф роҳ ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷуфтҳоро ташкил медиҳанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дар Арабистони Саудӣ: 

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»); 

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Рустам Ҳамидов, Шавкат Ҳалимов, Абдуқаюм Умаров, Комрон Алиев (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Кузиев, Собирҷон Гуляков (ҳарду аз «Амонатбонк»). 

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE