Пешвои миллат аз фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ боздид намуданд
6 август дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Аз ҷараёни фестивал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боздид ба амал оварданд.
Дар фестивал гӯшаи намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, хушкмева инчунин асал ва 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуд.
Дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонону шираткунандагон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.
Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар минтақа ва ҳам дар кишварҳои дуру наздики сайёра шуҳратёр буда, рӯз то рӯз талабот ба меваю сабзавоти тару тоза, хуштаъм ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бештар мегардад.
Гӯшаи намоишии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо, боғҳои серҳосил ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.
Аснои шиносоӣ бо гушаи намоишии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.
Мавриди зикр аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи талош ва ташаббусҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оши палав ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гашт.
Миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Зимни шиносоӣ ба Сарони кишварҳо иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, бахусус мева ва хушкмеваҳо ба кишварҳои гуногуни сайёра содирот карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки минбаъд соҳибкорони тоҷик метавонанд ба кишварҳои минтақа содироти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро афзоиш дода, бо ин васила бозори истеъмолии минтақаро ғанӣ гардонанд.