Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.Ин нуктаро 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки дар Қасри миллат доир гардид, баён доштанд.

Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард.

Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ бинад.

Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE