Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи табдили МД «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид

Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 августи соли равон дар бораи табдил додани Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Тибқи қарори мазкур бо мақсади ташкили низоми таҳлилӣ ва иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва мутобиқ намудани он ба талаботи муосир, инчунин таъмини самаранокӣ дар рушди маорифи пойтахт Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» табдил дода шавад.

Ҳамчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи муқаррарот маблағгузории воҳидҳои кории Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»-ро аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда аз 1 январи соли 2022 амалӣ намояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE