Аргентина аз ҳаққи мизбонии Ҷоми Амрико маҳрум мешавад

Ҷоми Амрико-2021 дар хатар аст. Пас аз Колумбия Аргентина низ аз ҳаққи баргузории мусобиқа маҳрум мешавад. Вазорати тандурустии Аргентина ба Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (CONMEBOL) ҳуҷҷатҳои заруриро то ҳол пешниҳод накардааст. Аз ин рӯ, ташкилот тасмим гирифтааст, ки Аргентина аз ҳаққи баргузории Ҷоми Амрико маҳрум карда шавад. Ҷоми Амрико мебоист дар кишварҳои Колумбия ва Аргентина баргузор шавад, вале қаблан кишвари Колумбия расман аз мизбонии ин мусобиқа даст кашида буд. Пас аз маҳрум шудани Аргентина аз ҳаққи мизбонии Ҷоми Амрико КОНКАКАФ фавран макони нави мусобиқаро ҷустуҷӯ мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE