Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву техникӣ ва дигар ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Сарони ду давлат инчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Дар ин замина масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Президентҳо оид ба вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон муфассал мубодилаи афкор намуда, ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо дар масоили  вобаста ба Афғонистон ва идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба мувофиқа расиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE