МН: Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ шуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад Маҷлиси намояндагон.

Дар ҷаласаи Шӯро таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ»  мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо мақсади танзими ҳуқуқии хизматрасониҳои муҳандисию машваратӣ, тадқиқотӣ, лоиҳавию конструкторӣ, ҳисоботию таҳлилӣ, инчунин хизматрасониҳо оид ба назорати техникии дорои хусусияти тиҷоратӣ оид ба таъмини равандҳои омодасозӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, инчунин оид ба хизматрасонӣ ва истифодаи иншооти саноатӣ, инфрасохторӣ ва дигар иншоот таҳия ва пешниҳод шудааст.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ибтикори бевоситаи Пешвои  миллат, Президенти мамлакат ба рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонии технологӣ, соҳаҳои муҳандисию конструкторӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тайи ин солҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳаввулоти гуногун ба амал омада, соли 2016 дар низоми дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат  Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 таҳия ва аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Мувофиқи талаботи Стратегияи мазкур яке аз ҳадафҳои муҳим ва зарурӣ барои рушди минбаъдаи кишвар- ин тараққӣ додани соҳаи саноат мебошад. Дар ин замина бо мақсади рушди кишвар ва минтақаҳои гуногуни он, аз ҷумла минтақаҳои дурдаст ва кӯҳӣ, ташкил ва ба кор андохтани паркҳои технологӣ, кластерҳои саноатӣ, ривоҷ додани инфрасохтори саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷорӣ намудани навгониҳо, истифодаи технологияҳои нави соҳавӣ, татбиқи инноватсияи технологӣ иқдомҳои муҳимдараҷа ва зарурӣ ҳисобида мешаванд.

Ҳамзамон яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Стратегия дарҷ гардидааст, ин ривоҷ додани сохтмони инфрасохтори гуногуни маишӣ, истиқоматӣ, таълимӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо мебошад. Ҳоло бо вуҷуди мавҷуд будани қонунҳои соҳавӣ яке аз масъалаҳои зарурӣ барои минбаъд ривоҷ додани муносибатҳо дар самти соҳаи сохтмон -ин тайёр кардани мутахассисони болаёқат, ботаҷриба ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ дар самти фаъолияти муҳандисӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин иброз гардид, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии касбӣ ва инфрасохтори мавҷудаи соҳа имрӯз мумкин аст, ки ба яке аз фаъолиятҳои рӯзмарра барои иқтисодиёти кишвар- фаъолияти инжинирингӣ вусъат бахшида шавад. Зеро бо тадриҷан амалӣ гардидани талаботи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 талабот ба сохтмон, сатҳу сифати он ва кадрҳои соҳа зиёдтар гардида, ин муносибатҳо танзими алоҳида талаб хоҳанд кард.

Дар иртибот ба гуфтаҳои болозикр, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» пешниҳод карда мешавад, ки он аз 5 боб ва 37 модда иборат мебошад. Мувофиқи боби 1 лоиҳа мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда муайян гардида, дар он вазифаҳои қонун ва принсипҳои фаъолияти инжинирингӣ мушаххас карда шудаанд.

Боби 2 лоиҳа масъалаҳои вобаста ба субъектҳои дар соҳа фаъолияткунанда, талабот нисбат ба онҳо ва объектҳои фаъолияти мазкурро дар бар гирифта, тартиби фаъолияти субъектҳои соҳаро муайян намудааст. Мутобиқ ба талаботи боби 3 лоиҳа танзими давлатии фаъолияти инжинирингӣ яке аз масъалаҳои муҳими лоиҳа арзёбӣ гардида, дар он танзими давлатӣ ва тартиби дастгирии фаъолияти мазкур, тартиби танзими муносибатҳои шартномавӣ дар соҳаи фаъолияти инжинирингӣ мавриди танзим қарор дода шудаанд.

Боби 4 лоиҳа ба масъалаҳое, ки ба ҳуқуқи муаллифӣ ва натиҷаҳои фаъолияти инжинирингӣ алоқаманд мебошанд, аз ҷумла масъалаи татбиқ гардидани ҳуқуқи муаллифӣ дар соҳаи фаъолияти инжинирингӣ ба асарҳои эҷодӣ, ки дар ҳама шакли объективӣ қарор доранд, инчунин масъалаи танзими ҳуқуқӣ нисбат ба объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ эътирофшуда бахшида шудааст.

Дар боби 5 лоиҳа масъалаҳои марбут ба ҳамкории байналмилалӣ, ҳалли баҳсҳо оид ба фаъолияти инжинирингӣ ва расмиёти ҷорӣ гардидани меъёрҳои он мавриди танзим қарор гирифтаанд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, татбиқи он аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар Шӯро ҳамчунин дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE