Қосим-Жомарт Токаев вориди Душанбе шуд

Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, ба Душанбе ташриф овард.

 Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақом Қосим-Жомарт Токаев ва ҳайати Қазоқистонро Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE