Душанбе: Фестивали «Суруди сарбоз» баргузор гардид
28 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун»-и пойтахт чорабинии тантанавию идона ва Фестивали «Суруди сарбоз» баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар ҷараёни фестивал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ба иштирокчиёни Фестивали мазкур Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Зимни ҷамъомад сарояндагони оркестри ҳунарии Гврдияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оркестри Раёсати Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии гулдухтарони гурӯҳи «Лаъл»-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ хотири меҳмонону иштирокдорони фестивали мазкурро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.