Душанбе: Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» ҷамъбаст гардид

Шоми 3 июли соли равон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амфитетари шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.

Дар даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Нахуст муовини сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба фарҳанги либоспушӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша кард.

Сипас бо иштироки ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ намоиши либосҳои миллӣ аз қабили чакан, атласу адрас ва либоси бадахшонӣ бо духти пешинаву ҳозиразамон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки Фестивали мазкур бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи эҳтиром ба либоси миллӣҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: либосҳои миллӣ ва муосир барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва занону мардон доир шуд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: либосҳои миллӣ ва муосир барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва занону мардон дар асоси банди 7-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 роҳандозӣ гардида, дар он тарроҳону дӯзандагон эҷодкорону рассомон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди худро ба намоиш ба намоиш гузошта, ҳунари зебоиофарии онҳо тарғибу ташвиқ гардид.

Бояд гуфт, ки Фестивал бо фарогирии намояндагони тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр сурат гирифт. Даври якум бо муайян намудани беҳтарин тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон аз маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраку ҷамоатҳо дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, даври дуюм дар сатҳи шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, даври сеюм бошад дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар Фестивал синну соли иштирокчиён аз 3 то 40 сола муқаррар гардида, ба намоиш ва ороиши зебогии либос эътибори хоса дода шуд. Он аз рӯи 6 номинатсия намоиши либосҳои кӯдакон ва наврасон, намоиши либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодбошӣ (карнавалӣ); намоиши либосҳои рӯзмарраи духтарон, бонувон, ҷавонписарону мардон; намоиши либосҳои маросимӣ ва идона; намоиши либосҳои расмӣ (протоколӣ); намоиши либосҳои арӯсии миллӣ ва муосир баргузор гардид.

Иштирокчиёни Фестивал дар пешниҳоди либосҳои муосир гуногунрангии нақшу нигори маҳалҳоро эҳё намуданд.
Беҳтарин иштирокчиёни фестивал аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплому сипосномаҳо ва ташаббускороне, ки дар баргузории фестивал саҳмгузорӣ намуданд, бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE