Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРаиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мулоқот  масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, вобаста ба рушди ин намуди  соҳаи варзиш дар кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва чорабинии дигари варзиширо таҳти унвони “Tour de Tajikistan” пешниҳод намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки чорабинии байналмилалӣ “Tour de Tajikistan” нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2021 бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Ҳадафи баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ ин  муаррифии дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, пешниҳоди хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ, зебоиҳои табиати нотакрори ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад.

Зимнан барои дар сатҳи хуб ташкил намудани мусобиқоти варзишии сатҳи байналмилалӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Кумитаи тадорукотӣ  созмон дода, корҳои омодагиро роҳандозӣ намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE