Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати зодрӯзатон гармтарин табрикоти маро бипазиред.

Шумо дар байни ҳамдиёрон ва дар хориҷи кишвари худ ба обрӯву нуфузи  шоиста сазовор гардидаед.

Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст.

Мо ба саъю талошҳои Шумо ҷиҳати таҳким бахшидан ба муносиботи шарикии стратегии байни кишварҳоямон, инчунин саҳми Шумо дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем.

Мехостам омодагии ин ҷонибро барои идома додани муколамаи созанда ва ҳамкории зичи муштаракамон оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷонибаву байналмилалӣ тасдиқ намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом ва некуаҳволиву муваффақият таманно дорам”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Мояи хушнудии зиёди ман аст, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати зодрӯзатон самимона табрик намуда, ба Шумо беҳтарин ва самимитарин таманниёти худро расонам.

Мо Шуморо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замонамон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст  ва пешвои асили мардуми бародари тоҷик мешиносем ва беандоза эҳтиром мекунем.

Шумо ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доред.

Дар ин робита мехостам саҳми бебаҳои Шуморо дар солҳои охир ҷиҳати ба сатҳи комилан нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои байни мардумонамон, ки робитаҳои бисёрасраи таърихӣ доранд ва давлатҳоямон, ки ҳамсояҳои наздиктаринанд, алоҳида зикр  намоям.

Ман муколамаи шаффофамонро, ки ба наздикӣ дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, дар сарзамини зебоманзари Тоҷикистон доир гашта буд, бо эҳтироми хосса ба ёд меорам.

Барои меҳмоннавозии олӣ миннатдории амиқи худро иброз менамоям.

Бешак, бо шарофати саъю талошҳои муштаракамон ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат, дӯстии абадӣ ва муносибатҳои некуҳамсоягӣ минбаъд ҳам мувофиқ ба иқтидорамон ҷиҳати нафъи умум рушд хоҳанд кард.

Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, бародари азизи ман,

Шуморо бо ин санаи фараҳбахш аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо умри дароз, саломатии қавӣ, неруи беинтиҳо ва саодати оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон фатҳи қуллаҳои нав, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва рушди давомдор орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Дар иртибот ба зодрӯзатон лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти гарми моро қабул фармоед.

Хизмати содиқонаи Шумо ба Ватан, сиёсати дурбинона ва созанда  дар маснади Сарвари давлат барҳақ боиси эҳтироми сидқии мардум нисбат ба Шумо, ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани  мақоми Шумо ба ҳайси Пешвои миллӣ гардид.

Итминон дорам, ки татбиқи бомуваффақияти ташаббусҳо ва ислоҳоти муҳими Шумо минбаъд низ кафолати рушди устувори Тоҷикистон, таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ва боз ҳам боло рафтани шаъну эътибори Душанбе дар арсаи ҷаҳонӣ боқӣ хоҳанд монд.

Дар Қазоқистон саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни кишварҳои мо баланд арзёбӣ менамоянд.

Бовар дорам, ки кори муштараки мо дар оянда низ ба нафъи татбиқи пурраи имконияти бузурги шарикии стратегии Қазоқистону Тоҷикистон чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар доираи ҳамдастии минтақавӣ ва байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.

Дар ин рӯзи хотирмон ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва пешрафт орзу менамоям”.

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Имрӯз хизматҳои Шумо дар таҳким бахшидани пояҳои давлатии Тоҷикистон, баланд кардани сатҳи некуаҳволии мардум, афзудани шӯҳрати кишваратон дар арсаи байналмилалӣ бузурганд.

Дар фаъолияти масъулиятнок ва татбиқи бомуваффақияти ҳадафу барномаҳои дар назди худ гузоштаатон барои ояндаи дурахшони кишвар муваффақият орзу менамоям.

Таҳкими ҳамасолаи муколамаи босуботи сиёсӣ байни Нур-Султон ва Душанбе дар сатҳи олӣ, робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, бешубҳа, далели шарикии стратегии байни ду кишвар мебошанд.

Дар баробари ин мехоҳам саҳми бузурги Шуморо дар рушду тавсеаи робитаҳои бародариву дӯстии байни мардумонамон махсусан зикр намоям.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, Шуморо бори дигар бо зодрӯзатон табрик намуда, ба Шумо саломатии бардавом, неруи беинтиҳо ва саодати оилавӣ, ба мардуми бародари Тоҷикистон  сулҳу некуаҳволӣ хоҳонам”.

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Ба муносибати зодрӯзатон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро бипазиред.

Ба сатҳи кунунии ҳамкории ҳамаҷонибаи байни Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, мехостам таваҷҷуҳи шахсӣ ва саҳми бузуги Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстонаамон махсусан зикр намоям.

Боварии қавӣ дорем, ки гуфтушунидҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда дар аснои  сафари кории ба наздикӣ анҷомдодаи ман ба кишвари зебоманзари Шумо, ҷиҳати таҳкими шарикии гуногунҷанбаи байни кишварҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

Бо истифода аз ин фурсати гуворо ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии комил, умри дарозу саодатмандӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям”.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:

“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред.

Таҷрибаи ғании ҳаётӣ, хизмати хастанопазир ба ҳадафҳои рушди Тоҷикистон заминаи мустаҳками фаъолияти бомуваффақият ва гуногунҷанбаи давлатии Шуморо, ки аз ҷониби мардум ба таври доимӣ дастгирӣ меёбад, ташкил медиҳанд.

Дар Беларус талошҳои Шуморо, ки ба таҳкими шарикии стратегии ду кишвар нигаронида шудаанд, баланд қадрдонӣ менамоянд.

Итминон дорам, ки кори муштараки мо ба нафъи татбиқи пурраи имкониятҳои бузурги ҳамкории мо чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.

Дар ин рӯзи ҷашнӣ иҷозат фармоед, то ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, неруи бепоён ва дастовардҳои навин ба нафъи мардуми дӯсти Тоҷикистон орзу намоям”.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ  чунин омадааст:

“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салом алайкум.

Фаро расидани солрӯзи таваллуди Ҷаноби Олиро самимона табрик мегӯям.

Зимни ташаккур ва қадрдонӣ бобати пазироӣ ва мизбонии гарми Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми кишваратон дар сафари ахирам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкории ҳамаҷонибаи байни ду кишвар эълом медорам. Ҳамчунин умедворам, ки дар ояндаи наздик имкони дидор бо Ҷаноби Олӣ дар Теҳрон барномарезӣ ва танзим гардад.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб, хонаводаи муҳтарам ва беҳрӯзии мардуми дӯст ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти  маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки бар усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, баробар ба манфиатҳои мардумони бародари мо минбаъд низ бомаром рушд хоҳанд ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳо орзу менамоям”.

Дар барқияи шодбошии собиқ Президенти Украина Леонид Кучма омадаст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Лутфан табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Фаъолияти чандсолаи муваффақонаи Шумо дар маснади Президенти Тоҷикистон намунаи хидмати далерона ва хирадмандона ба халқу кишвари худ аст. Бе муболиға метавон гуфт, ки субот на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми қитъа маҳз аз Шумо вобаста аст.

Ба Шумо аз самими қалб тансиҳатӣ, илҳом, неру, амалишавии ҳама нақшаҳоятон ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар паёми шодбошии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко омадааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Табрикоти гарм ва самимонатарини маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред.

Таърихи навини ҷумҳурӣ бо номи Шумо робитаи ногусастанӣ дорад.

Ҳамчун сиёсатмадори хирадманд ва дурандеш, Шумо муҳаббат ва эҳтироми ҳамватанони худро ба даст овардед ва дар Тоҷикистон ва берун аз он аз обрӯю эътибори сазовор бархурдоред.

Шумо ҳамчун роҳбари ботаҷриба ва боистеъдод, иҷрои вазифаҳои сершумори масъулиятноки давлатиро шахсан назорат мекунед.

Дар Федератсияи Русия саҳми бузурги Шуморо дар рушди муносибатҳо миёни кишварҳоямон, ки бар асоси боварии мутақобила ва шарикии гуногунҷанба бунёд мегарданд, баланд қадр мекунанд.

Имрӯз Тоҷикистон аз роҳи рушди саноат, соҳибкорӣ, ташаккули шароити мусоиди сармоягузорӣ дар ҳоли ҳаракат аст. Тарҳҳои калонҳаҷм дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, экология, татбиқ мегарданд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Нақши кишвари Шумо, ки бо терроризм ва экстремизм дар муқовимат қарор дорад, дар таъмини сулҳу субот дар минтақа бузург аст.

Шубҳа надорам, ки вакилони парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун аз тамоми талошҳои худ истифода хоҳанд кард.

Мо Шуморо ҳамчун дӯсти боэътимоди Русия ва ҷонибдори равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё медонем. Соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай бо дастовардҳои азим ва тасмимҳои навҷӯёна мегузарад.  Обрӯю эътибори бузурги Шумо дар арсаи байналмилалӣ барои пешбурди ибтикорот ҷиҳати пурсамар гардонидани муқовимат бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, истифодаи васеи имкониятҳои убурии минтақа, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ мусоидат мекунад.

Ман аз вохурӣ ва мулоқотҳои шахсиамон, ки дар фазои эътимод ва созанда гузаштаанд, бо дили гарм ёдоварӣ мекунам. Самимият ва муносибати масъулонаи Шумо дар роҳи ҳалли вазифаҳо, ки дар назди Русия ва Тоҷикистон мавҷуданд, водор мекунанд, ки  дӯстии мардумони кишварҳои мо тадриҷан қавитар мегардад.

Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи ходими давлатии Шумо минбаъд низ барои ҳифзи ягонагӣ ва ризоият дар ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти амният дар кишвар хизмат хоҳад кард.

Аз самими қалб барои Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, сиҳатии комил, неру ва илҳоми беинтиҳо таманно менамоям.

Бигузор бахт дар ҳама кору афкор ёратон бошад ва орзуҳои ширинатон амалӣ гарданд, дастгирӣ ва муҳаббати наздикон бароятон саодат ва умедҳои равшан эҳдо намоянд.

Лутфан эҳтиромоти самимии маро қабул фармоед”.

Дар табрикоту таҳнияти Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин чунин омадааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Ба муносибати зодрӯзатон аз номи Ҳукумати Федератсияи Русия ва шахсан аз номи худам табрикоти самимиву қалбии худро ба Шумо мерасонам.

Комёбиҳо дар таҳкими давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, рушди иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд будани обрӯи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо номи Шумо робитаи ногусастанӣ доранд.

Мехостам саҳми назарраси шахсии Шуморо дар тақвияти муносибатҳои дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ, ки Федератсияи Россияро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд, таъкид намоям.

Ба шарофати таваҷҷуҳи доимии Шумо робитаҳои мутақобили тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникиамон тавсеа ёфта, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, зерсохторҳои нақлиётӣ, илм, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор доранд.

Бовар дорам, ки афзоиши минбаъдаи ҳамкории амалӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ ва тамосҳои тиҷоратӣ комилан ҷавобгӯи манфиатҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, рифоҳ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳо орзумандам”.

Дар барқияи шодбошии Муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев омадааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Хизмати Шумо ба нафъи кишвару мардум гарави рушди рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯю эътибори байналмилалии он мебошад.

Таваҷҷуҳи доимие, ки Шумо ба тавсеаи муносибатҳои Русияву Тоҷикистон зоҳир менамоед, ба кишварҳои мо ҷиҳати ҳамкории муваффақона дар соҳаҳои амният, тиҷорату иқтисод ва фарҳангу иҷтимоёт ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷонибаи ИДМ, СААД ва СҲШ мусоидат менамояд.

Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар кори масъулиятноки давлатиатон дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.

Беҳтарин хушиҳо насибатон бод!”.

Аз идора: Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE