Душанбе: Озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имсол озмуни мазкур дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор гардида, муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур барои дарёфти мақоми аввал ва «Диплом»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рақобат карданд.
Тибқи маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, вобаста ба тақвияти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ, сабзазоркунӣ ва ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар шаҳри Душанбе» дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 17291 бех ниҳол, аз ҷумла 8723 бех ниҳоли ороишӣ, 3454 бех ниҳоли сояафкан, 2749 бех ниҳолҳои буттагӣ, 2365 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 145370 дона гул, 53733 дона гули лола шинонида шуда, дар майдони 4754 м2 майсазор кишт карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили Рӯзи омӯзгор дар «Кохи Суруш» бо ҳузури муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 55, 99, 1 ва муассисаҳои томактабии 24, 65 ва 141 бо мақомҳои ифтихорӣ ва «Диплом»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни имсола дар муқоиса ба озмунҳои солҳои қаблӣ беҳтар ба роҳ монда шуда, маъмурини муассисаҳои таълимӣ дар баробари босифат анҷом додани корҳои ободонӣ ҳамчунон дар вақти шинонидани гулу сабза ва ниҳол қоидаҳои агротехникиро риоя намуда, дар ҳолати ба касалиҳои занбурӯғӣ дучор омадани дарахтон коркарди кимиёвӣ гузарониданд.
Роҳандозӣ намудани озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» агар таваҷҷуҳи аҳли маорифро ба корҳои ободонию сабзкорӣ ҷалб намояд, аз ҷониби дигар бо тақвияти корҳои ободонӣ як гӯшаи шаҳри азизамон хурраму зебо гашта, дар сарсабзии пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе нақши муҳим мебозад.