Маъмурияти дипломатии Сафири Беларус дар Тоҷикистон анҷом ёфт
8 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус ва равобити кишварҳоро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд. С.Муҳриддин ба О.Иванов барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузошта дар таҳкими ҳамкории шарокати стратегии Тоҷикистону Беларус изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф муваффақият орзу кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Президенти Беларус Александр Лукашенко Виктор Денисенкоро сафири нави Беларус дар Тоҷикистон таъйин кард.