Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
25 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст “Оид ба ҷараёни иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи картошкапарварӣ, чорводорӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва бо ин васила самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишт, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, вазорати кишоварзӣ, академияи илмҳои кишоварзӣ, вазорати рушди иқтисод ва савдо, кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили масъалаи мазкур таъкид доштанд, ки буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД — 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 32,8 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 ба маблағи 5,1 миллиард сомонӣ ё 18,6 фоиз зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба ин соҳаҳо равона кардани 14,6 миллиард сомониро пешбинӣ намудааст, ки он 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла вазъи ҷаҳони имрӯза, мавҷҳои навбатии пандемияи бемории КОВИД — 19 ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд, ки дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҳамоҳангсозӣ ва таъмин намудани мутавозинии татбиқи сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.
Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат бояд сари вақт, пурра ва сифатнок иҷро карда шаванд. Барои иҷроиши босифати буҷет ҷиҳати баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ, сари вақт ва пурра таъмин гардад. Барои таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пурра таъмин карда шавад.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи маъқул донистани Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Дар бораи Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, ҳисобот доданд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, се хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ, дастурҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат додашуда, иҷрои босифати нақшаи даромади буҷетӣ давлатӣ, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати корҳои кишти тирамоҳӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварӣ ва захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва корҳои созандагӣ, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.