Кумитаро гулистон мекунем

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 20 октябри соли равон нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 тасдиқ гардид.

Дар асоси қарори мазкур корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори  соли 2022 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Вобаста ба татбиқи қарори мазкур ва ҳамрайъӣ ба Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳавлии бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳодияи Иттифоқҳои касабаи кормандони Кумита шанбегии дастаҷамъона бо иштироки доираи васеи кормандони Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он ва ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур заминҳои шафати ҳавлии “Хонаи радио” киштгардон гардида, дар онҳо 5 000 адад гулҳо кӯчат карда шуданд.

Лолахон Сатторов, раиси Иттиҳодияи Иттифоқҳои касабаи кормандони Кумита гуфт, дар пайи ин иқдом Кумитаи телевизион ва радио нақша дорад, дар саҳни бинои маъмурии худи Кумита 10 000 адад ва дар тамоми зерсохторҳои он беш аз 1 миллион бех ниҳол шинонад. Иқдоми мазкур то фасли баҳор идома намуда, бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии саҳни Кумитаи телевизион ва радио ва сохторҳои зертобеи он амалӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE