Душанбе: Рӯзи Президент таҷлил шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби МИҲД ш. Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар» бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, иштирокчиёну меҳмонон аз толори Осорхонаи асарҳои тозанашри Пешвои миллат дидан намуданд, ки дар он китобҳои марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон, фаъолияти босамари ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли истиқлолият ба намоиш гузошта шуда буд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо Суруди миллӣ, ки аз ҷониби иштирокчиён қироат шуд, оғоз гардид. Дар ибтидо, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳамоиши мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону донишмандон, адибону шоирон, мутахассисону коршиносон ширкат доранд.

Сипас, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миилат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Баъдан, меҳмонон аз Иттифоқи нависандагон, Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ, Академияи миллии илмҳо ва Маркази тадқиқоти стратегӣ суханронӣ намуданд. Зикр шуд, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд. Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби точикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастааст.

 Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE