Акмалиддин Каримов чемпиони ҷаҳон оид ба самбо шуд

Варзишгари шинохтаи тоҷик Акмалиддин Каримов дар панҷумин финал дар Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар  вазни 58 кг  ба гирифтани медали тилло  мушарраф гардид, хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Акмалиддин дар вазни 58 кило  ҳарифи якуми худ аз кишвари Тринидад  ва Тобаго Чарлес Тайронро  ноком сохта, ба марҳилаи навбатӣ баромад.  Ин дафъа  Акмалиддин бо Ёссир Боуҳессоуни марокашӣ  қувва  санҷид. Ин рақобат ҳам бисёр ҳассос ҷараён гирифт.  Варзишгари тоҷик тавонист қабл аз анҷоми вақт бар ҳарифаш зафар ёфта, роҳи худро ба даври нимниҳоӣ рӯшан созад.  Паҳлавони тоҷик дар ин давр бо варзишгари қазоқ Болатбек Раҳимқулов ба майдон баромад. Нахуст самбочии қазоқ пешсаф буд, вале Акмалиддин бо як партофти чоримтиёза афзалиятро ба даст гирифта, дастболо шуд. Ҳамин тавр Акмалиддин Каримов ба финали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт ва шаҳди пирӯзӣ чашид, соҳиби медали тилло гардид.

Ҳамчунин рақобати варзишгари дигари маъруфи кишвар,  чемпиони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар даври ниҳонии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо  бо варзишгари қазоқ Жананиет Роҳат танҳо чанд лаҳза давом кард. Дар ин сабқати ҷолиб  паҳлавони тоҷик як иштибоҳ кард ва ин боис гардид, ки намояндаи қазоқ якбора 6 имтиёз ба даст оварад. Дар идома варзишгари қазоқистонӣ тавонист як имтиёзи дигар ба даст биёраду соҳиби нишони тилло гардад. Хушқадам Хусравов дар ин мусобиқа соҳиди медали нуқра гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE