МД ТВ “Шаҳнавоз” ҳамчун телевизиони алоҳида бо формати дақиқияташ баланд ба моҳвора роҳ ёфт
Имрӯз дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон – «Шаҳнавоз» дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” расман ба фаъолият шурӯъ кард.
Матлубахон Сатториён дар рафти ифтитоҳи телевизион таъкид кард, ки таъсиси телевизиони алоҳида барои аҳли санъат василаи муаррифии санъат ва мусиқии миллӣ маҳсуб меёбад. Қаблан ТМТ “Шаҳнавоз” ҳамчун шабака дар заминаи “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият дошт ва акнун ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Шаҳнавоз», ки 30 июни соли 2021, таҳти рақами № 271 ба тасвиб расидааст, шабака ҳамчун телевизиони алоҳида бо формати дақиқияташ баланд ба моҳвора роҳ ёфт.
Баъди анҷоми ифтитоҳи расмӣ аз ҷониби Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии консертии театрикунонидашуда намоиш дода шуд.
Бояд зикр кард, ки ТМТ «Шаҳнавоз» дар кишвари мо ба сифати шабакаи дӯстдоштанӣ аллакай эътироф шудааст. Ин шабакаи мусиқии телевизионӣ аллакай тӯли 4 сол боз дар фазои иттилоотии мамлакат фаъолият дорад. Шабакаи махсусгардонидашуда ба хотири баланд бардоштани завқу талабот, зебоипарастӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари мардум ба санъати мусиқӣ ва суруд 13 ноябри соли 2017 дар назди Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Аксарияти барномаҳо дар доираи анвои гуногуни санъати мусиқии дохилу хориҷи кишвар омодаву пахш мешаванд.
Таъсиси шабака ҳамчун телевизиони алоҳида минбари васеъ барои густаришу таблиғи мусиқӣ, муаррифии фарҳангу фарҳангиён ва мусиқиву мутрибони кишвару берун аз он, ғизои маънавӣ бахшидан ба шунавандаву бинанда, ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои кулли ҳунармандону овозхонҳои тоҷик ҷиҳати ҳунарнамоӣ дар он мебошад. Рисолати шабакаи телевизионӣ ҳам таблиғи ҳадафҳои болозикр мебошад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Садои Душанбе»