Ҳисор: омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ оғоз шуд

Маорфчиёни шаҳри Ҳисор Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакатро сармашқи кори худ намуда, ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” омода намудани хонандагонро оғоз намудаанд. Ба таъкиди масъулин, бо назардоши муҳимияти ин озмунҳо хазинаи китобхонаи муассисаҳо бо адабиёти зарурӣ ғанӣ гардонида мешаванд.

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо таваҷҷуҳ ба маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа таъкид мешавад, ки «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.»

Бо назардошти ташкили озмунҳои фаннӣ дар рушди маънавии насли наврас Сарвари давлат изҳор доштанд, ки «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем”.

Нуралӣ Ҳайдаров, собиқадори соҳаи маориф, мутасаддии китобҳои иҷораи Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор дар робита ба ин нишондодҳои Паёми Президенти кишвар мегӯяд, ки озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» имкон фароҳам меорад, ки шавқу рағбати насли наврас ва ҷавонон ба омӯзиши илмҳои таббиӣ, риёзӣ ва дақиқ боз ҳам боло бардошта шавад. Ин собиқадори соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор ширкати хонандагони муассисаҳои ин шаҳрро дар озмунҳои қаблӣ боиси ифтихори омӯзгорони шаҳри мазкур маънидод кард.

Ба маълумоти масъулини Раёсати маорифи шаҳри Ҳисор имрӯзҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва иқдоми худи омӯзгорон хазинаи китобхонаҳои муассисаҳои ин шаҳр бо адабиёти тозанашр ғанӣ гардонида шуда, ахиран дар ин шаҳр чорабинии “Корвони китоб” доир гардид, ки дар барорбари сокинон аз ҷониби муалимони ин муассисаҳо беш аз 600 адад китоб харидорӣ ва вориди хазинаи мактабҳо гардонида шуд.

Маорифчиёни шаҳри Ҳисор мегӯянд, имруз фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришхои паёми президенти кишвар ба рох монда дар баробари озмунхои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»хонадагонро ба озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» омода намуда истодаанд. Аз ониби шуъбаи маорфи шахри мазкур баро дар сатхи баланд ташкил ва баргузории ин чорабинихо омодагихо идома дорад.Омузгон  мегуян нисбат солхои каблим дида хохишмандон чихати ширкат дар ин озмунхо дар ин шахр зиёд гардидаанд ва дар омода намудани онхо  бехтарин омузгорон сафарбар гардидаанд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE