Душанбе: Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ
Имрӯз бо ибтикори Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Парчам аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд, – гуфт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон Файзулло зимни қироати матни паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идома Нурулло Оқилзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сухани табикотӣ баромад намуда, зикр намуд, ки дар замири ҳар фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад.
Чорабинӣ бо намоиш додани машқҳои ҳарбӣ ва барномаи театрикунонидашуда, ҳамзамон, танини сурудҳои ватандӯстона ба анҷом расид.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”