Дар Душанбе масъалаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмон баррасӣ шуд

Ҳайати мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳайати  техникии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳо доир ба иқлим, энергияи «сабз», сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмонро баррасӣ намуд, хабар доданд аз Кумитаи меъморӣ.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи асосҳои иқтисоди «сабз», амалӣ намудани технологияи муосири инноватсионӣ дар самти иқтисоди «сабз», ба инобат гирифтани таъсири тағйирёбии иқлим дар раванди тарҳрезии лоиҳаҳо ва бунёди иншооти сохтмонӣ, кам намудани партовҳои газҳои гулхонаӣ, омода намудани мутахассисон ва омӯзиши асосҳои сарфаҷӯйии энергия мавриди  муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди соҳа изҳори омодагӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE