Душанбе моҳи июн ба феҳристи машҳуртарин маконҳо барои москвагиҳо шомил шуд

Туркия, Тоҷикистон, Узбекистон, Арманистон ва Қазоқистон дар қатори кишварҳои беҳтарини сафарҳои хориҷӣ миёни москвагиҳо қарор гирифтанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Sputnik»-и Русия хабар медиҳад, дар ин бора дафтари матбуотии «Яндекс.Путешествия» иттилоъ дод.

Аксарияти москвагиҳо — 74% — дар моҳи июн дар шаҳрҳои Русия ва 13%-и дигар дар кишварҳои хориҷи дуру наздик истироҳат кардаанд.

Дар байни шаҳрҳои маъруфтарин Ереван, Анталия, Тошканд, Истамбул ва Душанбе  ном бурда шудаанд. Дар байни шаҳрҳои Русия — Сочи, Калининград, Санкт-Петербург, Минералные Воды ва Махачқалъа интихоб шудаанд.

ДАР АКС: сайёҳони рус дар Тоҷикистон

Ба ҳисоби миёна сокинони пойтахти Русия тақрибан 18 рӯзро дар таътил мегузаронанд. Арзиши тахминии як парвоз бо бозгашт аз Москва:

Узбекистон — 24 ҳазор рубл;

Тоҷикистон – 25,8 ҳазор рубл;

Арманистон — 28,5 ҳазор рубл;

Қазоқистон — 31,8 ҳазор рубл;

Туркия — 41,8 ҳазор рубл;

Озарбойҷон — 46 ҳазор рубл;

АМА — 48,5 ҳазор рубл;

Исроил — 57,8 ҳазор рубл;

Таиланд — 62,4 ҳазор рублро ташкил дод.

Таҳлилгарон зикр карданд, ки шумораи парвозҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ нисбат ба моҳи июни соли 2021 — 9% коҳиш ёфтааст.

Ин ба боздоштани фаъолияти фурудгоҳҳои ҷанубии Русия вобаста аст. Аммо шумораи парвозҳо ба хориҷа дар тӯли ин муддат 3 баробар афзоиш ёфтааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE