Муроҷиатномаи ИЖТ ба мардуми ВМКБ ва рӯзноманигорон

Муроҷиатномаи

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аҳли қалами кишвар

 

Ҳамватанони азиз!

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ менамояд. Пеш аз ҳама ба хонаводаи фавтидагон ва ҷабрдидагони ҳодиса арзи тассалият намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем.

Мардуми шарифи Бадахшон, Шумо аз дигарон бештар эҳсос намудаед, ки давоми сӣ соли истиқлолияти давлатӣ таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар ба рушди ин сарзамини афсонавӣ, диёри қуллаҳои сарбафалаккашида, чашмаҳои софу равон, марзи мардумони софтинату софдил хеле зиёд аст. Натиҷаи инро дар ҳар шаҳру ноҳияи вилоят ба хубӣ эҳсос мекунем. Бадахшон симои худро дар замони истиқлолият дигар намуд ва дар фазои истиқлолият таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба маротиб бештар ҷалб намуд. Дар ҳар қадам дар ҳудуди ин вилоят шукуфоиву пешрафтро мебинем ва ҳамқадами ҷаҳони муосир гаштани он аст, ки ҳамарӯза сайёҳони хориҷӣ аз ин минтақа бо ҳавас дидан мекунанд. Ҳамаи ин пешравиҳо нишонаи асосии ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик ва ҳамдилии воқеии мардуми кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Маҳз ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва ваҳдати комил калиди ҳамаи муваффақиятҳост. Ин сулҳу сафост, ки меҳмонон бо хотири ҷамъ ба диёри мо қадам ранҷа мекунанд.

Имрӯзҳо оид ба ҳаводиси Хоруғ иттилои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма пайдо мегарданд. Биноан, аз ҳамкасбони азиз, ки рисолати ҳирфавиамон тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намудани мавод роҷеъ ба ҳаводис мебошад, хоҳиш дорем ки ин меъёрҳоро қатъан риоя кунанд. Бо риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонидани иттилои дурусту беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ба бинанда, шунаванда ва хонандагон мусоидат кунем.

Аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ низ хоҳиш дорем, ки бо назардошти авзоъ каломи тақдирсози худро бештар кунанд, на ин ки бо шӯру ҳангома дар тафриқаандозӣ мусоидат намоянд. Ҳар сухану ҳар як ҷумлаи мо бояд аз меҳру шафқату бародарӣ сарчашма гиранд. Раванди ҷаҳонишавӣ мураккабу печида аст ва он халқияту миллатҳоеро ғарқи тӯфонҳо мегардонад, ки савори як киштии бузург нестанд. Дар чунин шароити ҳассоси минтақаву ҷаҳон ваҳдату иттифоқи миллат беш аз ҳарвақта арзишро соҳиб аст.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE