Филмномаҳои Шераки Ориён муаррифи гардид

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои китоби филмномаҳои Шераки Ориён ё худ Абдурофеъ Рабизода рӯзноманигор адиб, сенариянависи синамо, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он Равшани Махсумзод муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар адибону синамогарони кишвар иштирок доштанд. Дар ифтитоҳи ин ҳамоиш Равшани Махсумзод муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳамоҳангии адибону нависандагон бо филноманигорӣ ёдовари намуда, аз чанде китобҳои Абдурофеъ Рабизода  ёдрас гардида иброз дошт, ки филномаҳояш дар фестивалу озмунҳои осиёиву байналхалқӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.

Бояд ёдовар шавем, ки филмномаҳои Абдурофеъ Рабизода  «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чил-меҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» -ро офаридааст.

Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон доир ба филмномаофариву пайдоиши жанри филномаофарӣ андешаҳои гуногун зикр гардид ва бо ҳамин ҳусни анҷом ёфт.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE