Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа масъалаҳои дар ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шӯроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рӯзномаи ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баррасӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаҳои қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода» ва «Дар бораи тасдиқи Оинномаи муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» қабул гардида, ба баррасии ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.